Оливйе Жиру эҳтимолан фаъолиятро дар Милан идома медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳамлагари "Челси" Оливйе Жиру ба "Милан" мегузарад. Ин футболбози 34-сола бо “россонери” барои 2 сол шартнома мебандад. Футболбоз ҳамчун агенти озод ба Итолия меравад ва тибқи созишнома дар як сол 4 миллион евро маош мегирад.