Додгоҳи якум шикояти "Барселона" дар бораи ба қайд гирифтани нимҳимоятгар Дани Олмо ва ҳамлагар Пау Викторро барои қисми дуюми мавсими Ла Лига рад кард. Дар ин бора Mundo Deportivo хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин охирин кӯшиши бошгоҳи каталонӣ барои шикоят ба додгоҳ буд. «Барселона» Олмо ва Викторро дар сурате баҳри нимаи дуюми мавсим шомили ҳайат карда метавонад, ки агар нишастгоҳҳои VIP дар варзишгоҳи «Камп Ноу» ба фурӯш бароварда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки барои «Барселона» сабти номи бозигарон манъ шуда буд. Тибқи банди шартномаи Олмо агар бошгоҳ ӯро дар қисми дуюми мавсим сабти ном накунад, бозигар агенти озод мешавад.
Дани Олмо тобистони соли гузашта аз «РБ Лейпсиг» ба «Барселона» гузариш карда буд. “Блаугранас” тавонистанд, ки Олмо ва инчунин Пау Викторро, ки аз “Жирона” ба даста омада буданд, танҳо то охири соли 2024 сабти ном кунанд.