LIVE

“Моҳир” дар Лигаи 2-юм шикастнопазир аст

Дар даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон дастаи "Арал"-и Абдураҳмони Ҷомӣ аз тими “Моҳир”-и Ёвон дучори бохт шуд. Ин вохӯрӣ дирӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гашта, бо ҳисоби 2:1 ба суди меҳмонон ҷамъбаст гардид. Ҳарчанд дар диқиқаи 8-ум меҳмонон бо голи задаи Дилшод Тағоев ҳисобро кушоданд, вале Фирӯз Ибрагимов дар дақиқаи 17-ум таносубро баробар намуд. Голи дуюми дастаи “Моҳир”-ро иштибоҳан бозингари дастаи “Арал” Шаҳбоз Солиев дар дақиқаи 72-ум вориди дарвозаи худ намуд. Бо ҳамин, футболбозони дастаи “Моҳир” ғалабаи навбатии худро ҷашн гирифтанд.
Ҳамчунин, дар ин марҳила тими «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар майдони худ дастаи «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиёнро бо ҳисоби калони 8:0 шикаст дод. Муаллифи тӯбҳои соҳибони майдон Файзалӣ Хонбоев (5), Комрон Салимов (44), Муҳаммад Абдураҳимов (59, 82), Воҳидҷон Қудусов (2, 65), Нурулло Маҳмудов (76), Азизбек Раҷабалиев (84) шуданд.

"Арал" - “Моҳир” 1:2

«Ҳосилот» - «Пахтакор» 8:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив