LIVE

“Сарҳадчӣ” низ садди роҳи “Моҳир” нашуд

Дирӯз ду бозии даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардиданд. Дар дидори марказии ин давр дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар майдони худ тими «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо ҳисоби калони 5:0 шикаст дод. Тӯбҳои мизбононро Акмал Зулпалаев (11, 15), Дилшод Тағоев (13), Алишер Куганов (18) ва Муродбек Юсупов (62) ба ҳадаф расониданд.
Ҳамчунин, дар ин давр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант вохӯрии дастаҳои “Сарбанд” бо “Чашма” доир гашт, ки бозӣ мусовӣ бидуни гол хотима ёфт.
«Моҳир» - «Сарҳадчӣ» 5:0
“Сарбанд” - “Чашма” 0:0
Бояд ёдовар гашт, ки охирин бозии даври 14-ум рӯзи 3 октябри соли ҷорӣ миёни дастаҳои “Вахши Зарнисор” ва “Арал” барпо мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив