LIVE

“Милан” дар финали Суперҷоми Италия “Интер”-ро шикаст дод

Бозии ниҳоии Суперҷоми Италия миёни дастаҳои “Интер” ва “Милан” ба анҷом расид. Дербии шаҳри Милан дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Симоне Соза аз Италия довари асосии вохӯрӣ буд. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи «Милан» анҷом ёфт.
Ҳисоб дар дақиқаи 45+1 кушода шуд, ки ҳамлагари “Интер” Лаутаро Мартинес муаллифи гол гардид. Дар дақиқаи 48-ум Меҳдӣ Торемӣ ҳисобро дуболо кард. Дар дақиқаи 52-юм Тео Эрнандес аз ҳайати “Милан”муллифи гол шуд. Дар дақиқаи 80-ум Кристиан Пулишич ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 90+3-юм ҳамлагари «Милан» Тэмми Абраҳам голи ғалабаоварро ба самар расонид.
Ҳамин тавр, бо ин ғалаба “Милан” бори 8-ум ғолиби Суперҷоми Италия гардид. Даста солҳои 1988, 1992, 1993, 1994, 2004, 2011, 2016, 2024 Суперҷоми Италияро соҳиб шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниманиҳоии Суперҷоми Италия «Интер» бар «Аталанта» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. «Милан» дар навбати худ «Ювентус»-ро дар ҳамин марҳила бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ҳамаи бозиҳо дар Арабистони Саудӣ баргузор шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив