LIVE

“Интер” барандаи Суперҷоми Италия гардид

Дар бозии Суперҷоми Италия-2023 “Интер” бо “Милан” рӯбарӯ шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии “Интер”  бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Кинг Фаҳд”-и Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуд. 

Ин ҳафтумин ғалабаи "Интер" дар Суперҷоми Италия мебошад. Аз рӯи ин нишондод дастаи Симоне Индзаги ба “Милан” баробар шуд.  

Дар ин мусобиқот аз дастаҳои Милан танҳо як бошгоҳ пештар аст – «Ювентуси» туриниҳо дар маҷмуъ 9 маротиба пирӯз шудааст.
Голҳои “Интер”-ро  Федерико Димарко, Эдин Ҷеко ва Лаутаро Мартинес ба ҳадаф расониданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив