LIVE

“Интер” ҳукумронии 9 солаи “Ювентус”-ро барҳам дод

Дастаи мураббии кордон Антонио Конте “Интер” қаҳрамони чемпионати Италия гардид. Миланиҳо пас аз мусовии “Аталанта” бо “Сассуоло” бо ҳисоби 1-1 қабл аз муҳлат унвони қаҳрамониро ба даст оварданд.  
Чор даври пеш аз ба охир расидани мавсим “Интер” барои дастаҳои поёнтари чадвал дастнорас гардид. 
Дар айни замон, "Интер" 82 хол дорад. “Аталанта”, “Ювентус” ва “Милан” 69-имтиёзӣ доранд.
Клуби шаҳри Милан пас аз мавсими солҳои 2009/10 барои аввалин бор қаҳрамони Серияи А шуд.  Инчунин "Интер" дар маҷмуъ маротибаи 19-ум чемпиони Италия мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив