LIVE

Ду голи Дюмфрис «Интер»-ро ба финали Суперҷоми Италия баровард

Бозии ниманиҳоии Суперҷоми Италия, ки дар он дастаҳои «Интер» ва «Аталанта» вохӯрданд,  дар Арена Кинг дар Риёз  бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи шаҳри Милан анҷом ёфт.
Суперҷоми Италия. 1/2 финал
03 январи соли 2025, ҷумъа. 00:00 бо вақти Душанбе
“Интер” (Милан) 2:0 “Аталанта” (Бергамо)
1:0 Дюмфрис – 49' 2:0 Дюмфрим – 61'
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 49-ум аз ҷониби ҳимоятгари “Интер” Дензел Дюмфрис кушода шуд. Дар дақиқаи 61-ум бошад ин футболбоз голи дуюми дастаашро ба самар расонид. Дар дақиқаи 72-юм Эдерсон як гол зад, ки он бо далели офсайд бекор карда шуд.
Имрӯз, 3-юми январ бозии дуюми нимфиналии Суперҷоми Италия баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои «Ювентус» ва «Милан» вомехӯранд. Бозӣ дар варзишгоҳи Kingdom Arena дар шаҳри Риёз баргузор мешавад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив