Бошгоҳи лондонии "Тоттенҳэм" оиди тамдидкунии мӯҳлати шартномаи корӣ бо Сон Хён Мин расман эълон намуд. Созишномаи нав байни тарафҳо то тобистони соли 2026 эътибор дорад.
Сон моҳи августи соли 2015 ба «Тоттенҳэм» гузариш анҷом дода буд. Дар ин муддат вингери кореягӣ 431 бозӣ анҷом додааст - ӯ аз рӯи ин нишондод дар таърихи бошгоҳ дар ҷои 11-ум қарор дорад. Сон ҳамчунин бо 169 гол дар таърихи "Тоттенхэм" дорои чаҳорумин нишондоди беҳтарин аз рӯи шумораи голҳо мебошад.
Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории бозигари кореягии 32-соларо 38 миллион евро арзёбӣ кардааст. Қаблан ӯ дар бошгоҳҳои «Гамбург» ва «Байер» ва инчунин дар як қатор дастаҳои чемпионати Корея бозӣ мекард.