Ҳамлавари "Борнмут" Доминик Соланке дақиқан ба сафи тими лондонии "Тоттенҳэм" ҳамроҳ мешавад, хабар медиҳад The Athletic. “Гелосҳо” розӣ шуданд, ки ҳамлагари 26-соларо ба "Тоттенхэм" фурӯшанд.
Бино ба иттилои манбаъ то ҳол маълум нест, ки «Тоттенхэм» ба «Борнмут» чанд пул медиҳад, аммо тибқи шартномаи ҳамлагар маблағи харидорияш 75 миллион евроро пешбинӣ шудааст. Соланке қаблан дар сафи тимҳои «Челси» ва «Ливерпул» бозӣ мекард. Ҳамлагар соли 2019 ба «Борнмут» пайваст.
Мавсими гузашта Доминик дар ҳайати "гелосҳо" дар тамоми мусобиқаҳо 42 бозӣ анҷом дода, муаллифи 21 гол ва 4 партофти головар шудааст.
Соланке беҳтарин нишонзани Борнмут дар мавсими 2023/2024 гардид. Арзиши тахминии футболбоз бошад тибқи фарзияи сомонаи бонуфузи Transfermarkt 40 миллион евро аст.