Ҳамлагари 27-солаи тими миллии Марокаш Юсуф Эн-Несири бозигари «Фенербахче» шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии бошгоҳ дар сомонаи расмии хеш. Қаблан ин футболбоз дар ҳайати «Севиля» бозӣ мекард.
Тими туркӣ бо футболбоз шартномаи панҷсола баста, қаблан хабар дода шуда буд, ки «Фенербахче» барои харидории Эн-Несири 20 миллион евро харҷ кардааст. Ҳамин тавр, туркҳо дар мубориза барои ин форвард нисбати тимҳои саудӣ ва «Рома» пирӯз шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми июн ҳамчунин “Фенербахче” дар бораи таъини мутахассиси португалӣ ба вазифаи сармураббии даста хабар дода буд.
Футболбоз аз соли 2020 дар тими "Севиля" бозӣ мекунад. Мавсими гузашта ҳамлагар дар ҳайати испаниҳо 41 бозӣ анҷом дода, 20 гол ва 3 партофти головар ба номаш навишта кард. Арзиши тахминии футболбоз тибқи маълумоти сомонаи бонуфузи Transfermarkt 20 миллион евро мебошад.