LIVE

Никлас Фюллкруг дар Премер-Лигаи Англия идомаи маснади варзишӣ мекунад

Ҳамлавари бошгоҳи олмонии «Боруссия»-и Дортмунд ба сафи «Вест Хэм Юнайтед» мепайвандад, дар ин бора журналист Фабрисио Романо хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ  имрӯз, 5-уми август футболбози 31-сола бо ҷониби лондонӣ шартномаи мӯҳлаташ то соли 2027 бо имкони тамдиди як соли дигар ба имзо мерасонад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки маблағи гузариши бозигари мунтахаби Олмон 26 миллион евро буда, ҳамчунин  4 миллион  еврои дигар дар шакли пардохтҳои иловагӣ хоҳад буд. Маоши ҳамлагар дар тими наваш 3 миллион евроро ташкил медиҳад.
Мавсими гузашта ҳамлагар дар 46 бозӣ ширкат карда,  16 гол ва 10 партофти головар дар номаш дорад.   Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 15 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив