Нимҳимоятгари 22-солаи тими миллии Белгия Амаду Онана бозигари тими “Астон Вилла” гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии бошгоҳ дар сомонаи расмии хеш. Қаблан футболбоз дар ҳайати “Эвертон” бозӣ мекард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки трансфери Онана ба “Астон Вилла” бояд, ки 50 миллион фунт (59,5 миллион евро) арзиш дошта бошад.
Амаду дар ҳайати тими миллии Белгия дар Евро-2024 чаҳор бозӣ анҷом дода, дастааш ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Футболбоз дар чемпионати Аврупо ягон натиҷаи самарабахш нишон дода натавонист.
Онана аз соли 2022 дар ҳайати «Эвертон» бозӣ мекунад. Мавсими гузашта нимҳимоятгар дар ҳайати тими “Эвертон” 37 бозӣ анҷом дода, ду гол задааст. Арзиши тахминии футболбоз тибқи фарзияи портали бонуфузи Transfermarkt 50 миллион евро аст.