"Арсенал" расман трансфери Каи Хавертсро эълон кард. Ба иттилои дафтари матбуотии даста шартнома бо нимҳимоятгар то тобистони соли 2028 баста шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Арсенал» барои гузариши футболбози олмонӣ ба «Челси» 75 миллион евро (бо назардошти мукофотпулӣ) пардохт кардааст. Дар дастаи нав Ҳаверт зери рақами 29 баромад мекунад.
Сармураббии "Арсенал" Микел Артета мехост Ҳавертсро дар дастаи худ бубинад, аз ин рӯ онҳо кӯшиш карданд, ки шартномаро ҳарчи зудтар банданд.
Ҳавертс моҳи сентябри соли 2020 аз "Байер"-и Леверкузен ба "Челси" гузашт. Дар 139 бозӣ дар ҳайати даста 32 гол ва 15 ассист дорад. Мӯҳлати созишнома байни тарафҳо тобистони соли 2025 ба поён мерасад.
Бо "Челси" Ҳавертс ғолиби Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми Аврупо ва Ҷоми ҷаҳонии клубҳоро ба даст овардааст