LIVE

Футболбозе, ки бояд ба “Арсенал” мегузашт, пероҳани “Челси”-ро ба тан мекунад.

Бозингари «Шахтёр» Михайл Мудрик бо дастаи «Челси» шартнома мебандад. Маблағи гузариш 100 миллион евроро ташкил медиҳад, ки ин миқдор маблағро бошгоҳи украинӣ барои бозигари худ талаб карда буд. Ҳоло ҳарду клуб ҳуҷҷатҳои заруриро барои ба итмом расидани шартнома омода месозанд. 
Интизор меравад, ки ин ҷавони 22-сола  вориди Лондон мешавад ва қабл аз анҷоми гузариш ба қароргоҳи лондониҳо аз муоинаи пизишкӣ мегузарад.
Шартнома то тобистони соли 2030 ба имзо мерасад.
Қаблан “Арсенал” довталаби асосии футболбози украинӣ буд. Тӯли чанд ҳафта, намояндаҳои Микел Артета кӯшиш карданд, ки бо «Шахтёр» гуфтушунид кунанд, то созишномаро бо нархи арзонтар ба анҷом расонанд, аммо дар ин миён дастаи дигари лондонӣ маблағи заруриро пардохт карда, бозингарро ба ҳайати худ чалб сохт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив