LIVE

Сон Хин Мин ва "Тоттенхэм" ҳамкориро идома медиҳанд

"Тоттенхэм" -и Лондон дар саҳифаи расмии худ аз тамдиди шартнома бо ҳамлагар Сон Хин Мин хабар дод.
Созишномаи нави футболбози 29-солаи Кореяи Ҷанубӣ бо тими лондонӣ то тобистони соли 2025 ҳисоб карда шудааст. Шартҳои шартнома ифшо нашудааст, аммо хабар дода шуд, ки ҳамлагар дар чор фасл дар маҷмӯъ 48 миллион евро ба даст меорад.
Сон аз соли 2015 дар “Тоттенҳэм”  бозӣ мекунад ва қабл аз он ӯ дар дастаҳои “Байер” ва “Гамбург” бозӣ мекард. Аз соли 2010 ин форвард ба дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ даъват карда мешавад.
Дар мавсими гузашта, Сон дар 37 бозии Премйер Лигаи Англия ширкат варзида, дар он 17 гол задааст  ва 10 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив