LIVE

"Тоттенхэм" барои гузариши Кейн бо арзиши 187 млн ба "Ман. Сити" розигӣ дод

Гузориши ҳамлагари "Тоттенхэм" ба "Манчестер Сити" наздик мешавад, менависад The Sun.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарияти "Тоттенхэм" бар ивази пардохти 187 миллион евро гузариши ҳамлагарро иҷозат медиҳад.
Пештар хабар дода шуд, ки Кейн бо "Манчестер Сити" шартнома то соли 2026 ба мувофиқа расонидааст.
Кейн хатмкунандаи "Тоттенхэм" аст ва аввалин бозии худро дар дастаи лондонӣ соли 2011 анҷом додааст. Шартномаи ӯ бо клуб то 30 июни соли 2024 амал мекунад. Дар мавсими солҳои 2020/2021, форвард дар 35 бозии Премйер Лигаи Англия ширкат варзида, 23 гол зада, 14 партофти головар анҷом додааст. Маҳз Кейн беҳтарин голзани мусобиқа гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив