LIVE

Кейн аз зери чанголи Моуриню гурехтан мехоҳад

Ҳамлагари  марказии «Тоттенхэм Хотспур» - Гарри Кейн тобистони имсол мақсад дорад, ки пешниҳоди дигар тимҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад. 
Кейн бовар дорад, ки «Тоттенхэм» бо ҳайати феълии хеш имкони ба даст овардани ҷоизаро дорад. Аммо дар сурати ба даст наовардани роҳхати Лигаи Чемпионҳо даста дучори мушкилиҳои зиёд хоҳад шуд. 
Роҳбарияти тими лондонӣ тамоми талошҳоро мекунад, то ин ҳамлагарашро дар ҳайати худ нигоҳ дорад. Дар ҳолате, ки нишонзани мунтахаби Англия мақсади тарки дастаро дошта бошад, пас «Тоттенхэм» 150 млн £ аз ҳисоби ӯ маблағ ба даст меорад. Тавре хабар дода мешавад, Кейн хоҳиши гузариш ба дастаи «Манчестер Юнайтед»-ро дорад. Кейн аз тағйиротҳои зиёд дар дастаи «Тоттенхэм» хаста шудааст ва ҳамзамон мехоҳад, ки дар Лигаи Чемпионҳо ширкат варзад. Ба қавли ӯ бо дастаи кунуниаш имкони ба даст овардани ҷоиза мавҷуд нест. Ба ҳамин хотир ба дастае гузаштан мехоҳад, ки дар оянда соҳиби ҷоизаҳои зиёд гардад. Ҳамчунин ба ин ҳамлагари моҳир якчанд тими футбли итолиёвӣ низ таваҷҷӯҳ доранд. 
Кейн дастпарвари «Тоттенхэм» маҳсуб мешавад. Сар аз соли 2009 форвард дар ҳайати асосӣ бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ ӯ 17 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст.  
Қарордоди Гарри то 30-юми июни соли 2024 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив