LIVE

Кейнро дар Италия мунтазиранд

Роҳбарияти дастаи туринии «Ювентус» ҳамлагари асосии бошгоҳи лондонии «Тоттенхэм Хотспур» - Гарри Кейнро ба ҳайати худ ҷалб кардан мехоҳад. Хабар медиҳад Tuttosport.
Қаҳрамони кунунии Серияи А ҳамчунин мақсад дорад, ки бо форварди «Интер» - Мауро Икарди, ки феълан дар ҳайати «Пари Сен-Жермен» ба ҳайси иҷора бозӣ дорад, шартнома бандад. 
Ҷониби «Тоттенхэм» бошад, барои Кейн £ 150 млн (172 млн €) маблағ мехоҳад. Худи ҳамлагари англис мақсади тағйири даста карданист ва барои ӯ «Манчестер Юнайтед» пешниҳоди ҳамкорӣ намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив