Кейн хоҳиши гузариш ба дастаи «Манчестер Юнайтед»-ро дорад. Кейн аз тағйиротҳои зиёд дар дастаи «Тоттенхэм» хаста шудааст ва ҳамзамон мехоҳад, ки дар Лигаи Чемпионҳо ширкат варзад. Ба қавли ӯ бо дастаи кунуниаш имкони ба даст овардани ҷоиза мавҷуд нест. Ба ҳамин хотир ба даста гузаштан мехоҳад, ки дар оянда соҳиби ҷойзаҳои зиёд гардад.
Кейн дастпарвари «Тоттенхэм» маҳсуб меёбад. Сар аз соли 2009 форвард дар ҳайати асосӣ бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ ӯ 17 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст.
Қарордоди Гарри то 30-юми июни соли 2024 эътибор дорад.