LIVE

"Манчестер Сити" барои Кейн € 100млн пардохт мекунад

 “Манчестер Сити”  ҳангоми   трансфери тобистона  кӯшиши  харидани   Ҳарри Кейнро мекунад. Менависад Bild. Тибқи иттилои нашрияи олмонӣ  шаҳриҳо омодаанд, ки  барои   Кейн 100 млн евро  пардохт кунанд. Ҳарри Кейн дастпарвари  “Тоттенхэм” буда, аз соли 2011 дар  ҳайати  дастаи аввали “Тоттенхэм” ҳунарнамоӣ карда, аз  соли 2015 ба мунтахаби Англия даъват мешавад.Дар мавсими  ҷории чемпионати Англия 15 бор ба майдон баромада,  9 гол ва 10 партофти головарро ба номаш сабт намудааст.
31 декабр Кейн дар бораи   писардор шуданаш  хабар дод. Фарзанди сеюми ӯ 29 декабр  таваллуд шуда, номашро Луи Гарри  гузоштанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив