LIVE

"Краснодар" бо Ҷон Кордоба шартномаро тамдид кард

Бошгоҳи футболи «Краснодар» дар сомонаи расмии худ оиди тамдидкунии шартнома бо Ҷон Кордоба хабар дод. Ҳамлагари колумбиявӣ шартномаи нави мӯҳлаташ то 30-юми июни соли 2027 имзо кард. Созишномаи қаблӣ бошад то тобистони соли 2025 амал мекард.
Қайд карда мешавад, ки бо вуҷуди шартҳои муайян ин қарордоди нав метавонад ба таври худкор ба мӯҳлати иловагӣ дароз карда шавад.
"Мо бо Ҷон ҳамкориҳоро идома медиҳем", - навишта шудааст дар сомонаи расмии хадамоти матбуоти бошгоҳ.
Ёдовар мешавем, ки Кордоба тобистони соли 2021 ба “Краснодар” гузариш анҷом дода буд. Ӯ қаблан дар Бундеслига бозӣ кардааст. Ҷон тавонист дар ҳайати “барзаговон” 99 бозӣ анҷом диҳад, 53 гол ба самар расонад ва   19 партофти гол ирсоли ҳамдастагон намояд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив