LIVE

«Реал» аз тамдидкунии шартнома бо Дани Себалйос хабар дод

«Реал»-и Мадрид дар сомонаи расмии хеш аз тамдидкунии шартнома бо нимҳимоягари даста  Даниэл  Себалйос эълон намуд.
Қарордоди кории нави нимҳимоягари испанӣ бо тими мадридӣ то охири моҳи июни соли 2027 амал хоҳад кард. Дар масири чор мавсим дар сафи «Реал» Себалйос 120 бозӣ гузаронида,  11 ҷоиза аз зумраи ду ҷоизаи Лигаи қаҳрамонҳо ва пирӯзӣ дар чемпионати Испания ба даст овард.
Мавсими сипаришуда барои Себалйоси 26-сола бо доиркунии 46 бозии «Реал» дар ҳамаи мусобиқаҳо анҷом ёфта, испанӣ муаллифи як гол ва нӯҳ партофти голӣ шудааст. 
Ба сафи «Реал» бошад Себалйос аз «Бетис» соли 2017 гузариш намуда, тими мадридӣ он вақт  баҳри гузариши бозигари испанӣ 16,5 млн евро пардохта буд. Аз соли 2019 то соли 2021 Себалйос ба таври иҷора дар «Арсенал» бозӣ мекард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив