LIVE

«Реал» бо Тони Кроос шартномаро тамдид кард

«Реал»-и Мадрид дар сомонаи расмии хеш оиди тамдидкунии шартнома бо нимҳимоягари олмонӣ Тони Кроос эълон намуд. Қарордоди нави ҷонибҳо то санаи  30-юми июни соли 2024 мӯҳлат дорад.
Дар мавсими анҷмоёфтаи Ла Лига Кроос 30 бозӣ гузаронида, ду голу чор партофти голӣ дорад. Ин бозигар дар сафи «галактикос» аллакай нӯҳ мавсим баромад карда,  соли 2014 аз  «Бавария»-и Мюнхен гузариш намуда буд. Дар умум дар сафи «Реал» Кроос  417 бозӣ гузаронида,  20 ҷоиза ба даст овард: чор ҷоми Лигаи чемпионҳо, панҷ ҷоизаи чемпионати бошгоҳии ҷаҳон, чор Суперҷоми Аврупо, се қаҳрамонии Ла Лига, як Ҷоми Испания ва се Суперҷоми Испания.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив