Рӯзи 3-юми ноябр бошгоҳи «Краснодар» дар бозии даври 14-уми Премер-лигаи Россия бар тими «Оренбург» бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Ҳамин тариқ, “сиёҳу сабзҳо” дар чемпионати Россия 11-умин пирӯзии паиҳами худро ба даст оварданд.
Премер-лигаи Россия. Даври 14-ум
04-уми ноябри соли 2024, якшанбе. Соати 21-45 бо вақти Душанбе
“Краснодар” 4:0 “Оренбург”
1:0 Ленини — 38' 2:0 Козлов – 73’ 3:0 Сперсян – 79’ 4:0 Кордоба – 88’
Дар дақиқаи 38-ум нимҳимоятгари дастаи “Краснодар” Кевин Ленини ҳисобро кушод. Нимҳимоятгар Данила Козлов дар дақиқаи 73-юм бартарии мизбононро афзун кард. Эдуард Сперсян бошад голи сеюми мизбононро ба самар расонид. Натиҷаи ниҳоии бозиро ҳамлагар Ҷон Кордоба дар дақиқаи 88-ум гузошта буд.
Пас аз 14 бозӣ «Краснодар» бо касби 36 имтиёз дар мақоми аввали ҷадвали чемпионати Россия мебошад. «Оренбург» баъди ҳамин миқдор бозй ҳашт хол ба даст оварда, дар ҷои охирини 16-ум қарор дорад.