Дирӯз, 14-уми март бозиҳои охирини марҳилаи 1/4 ниҳоии Фонбет Ҷоми Россия доир шуданд, ки тибқи натиҷаи онҳо ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи баъдии мусобиқа маълум шуданд.
Дар гурӯҳи болоии мусобиқа (Роҳи ПЛР) дар марҳилаи 1/2 ниҳоӣ тимҳои «Спартак» ва ССКА, «Зенит» ва «Балтика» бозӣ мекунанд.
Дар гурӯҳи поёнӣ (Роҳи минтақаҳо) дар марҳилаи дуюми 1/4 ниҳоӣ дастаҳои «Урал», «Химки», «Ахмат» ва «СКА-Хабаровск», «Динамо»-и Москва, «Локомотив», ва ҳамчунин «Ростов» ва «Оренбург» бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дорандаи феълии Ҷоми Россия ССКА-и Москва мебошад. Дар бозии финалии порсола сурху-кабудҳо бар «Краснодар» дар силсилазарбаҳои пеналтӣ (1:1, 6:5 — аз рӯи пеналтӣ) зафар ёфтанд. Дар роҳ ба финал ССКА дар Роҳи ПЛР «Краснодар», «Криля Советов» ва «Урал»-ро шикаст дод. «Барзаговон» дар Роҳи минтақаҳо бар «Ахмат», «Ростов», «Криля Советов», «Акрон» ва «Урал» зӯр баромаданд.
Беҳтарин нишонзани сабқати порсола ҳамлавари «Краснодар» Ҷон Кордоба гардид, ки дар ҳисобаш ҳафт гол мебошад.