LIVE

Бозигари «Краснодар» ба Италия меравад

Эдуард Сперсян таҳти таваҷҷӯҳи танҳо як тими итолиявӣ қарор дорад.  
Чӣ тавре «Евро-футбол» мерасонад, нисбати нимҳимоягари «Краснодар» танҳо «Милан» иштиёқманд аст. Бо вуҷуди ин миёни ҷонибҳо иртибот набудааст.
«Фиорентина» имконияти ба даст овардани ниҳимоягари        23-соларо баррасӣ мекард, аммо бо вуҷуди он, ки дар евроҷомҳо иштирок намекунад, аз ин андеша даст кашидааст. 
Пештар хабар дода мешуд, ки Эдуард ба «Интер», «Сассуоло» ва «Фиорентина» писанд аст.
Дар чемпионати анҷомёфтаи Россия Сперсян 28 бозӣ гузаронида, 10 гол ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив