LIVE

"Милан" бо Пиоли шартномаашро тамдид кард

Хадамоти матбуоти бошгоҳи «Милан» дар бораи тамдиди шартнома бо сармураббӣ Стефано Пиоли хабар дод. Қарордоди нав бо мутахассиси 57-сола то соли 2025 амал мекунад. Пиоли сар аз соли 2019 Миланро роҳбарӣ карда, дар мавсими гузашта қаҳрамони Серия А намуд. Айни замон россонериҳо дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Мутахассис қаблан дар дастаҳои «Парма», «Сассуоло», «Болоня», «Латсио», «Интер», «Фиорентина» ва дигар дастаҳо кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив