LIVE

Сармураббии «Милан» бе медал монд

Медали қаҳрамонии Стефано Пиоли ҳангоми таҷлили қаҳрамонӣ дуздида шудааст. 
Дастаи «Милан» бо ин сармураббии 56-сола унвони қаҳрамониро дар Серия А ба даст овард. Ин нахустин ғалабаи миланиҳо сар аз соли 2011 маҳсуб мешавад. Барои худи мураббӣ дар маҷмӯъ, ин аввалин ҷоиза дар корномааш ба ҳисоб меравад.  
«Медали чемпионатро аз ман дуздиданд, касе онро аз гарданам канда гирифт.
Ман хоҳиш мекунам, ки барои баргардонидани нишон кӯмак намоед. Дар сурати бозёфти медал миннатдор хоҳам буд, зеро намунаи онро дигар  надорам” гуфтааст Пиоли.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив