LIVE

Футболбози “Барса” ҷоизаи Golden Boy-ро ба даст овард

Нимҳимоятгари тими “Барселона” Педри ҷоизаи Golden Boy-ро ба даст овард. Ин ҷоиза ҳамасола ба беҳтарин бозигари то 21-солаи Аврупо дода мешавад. Педри 18-сол дорад, вай аз соли 2020 дар ҳайати «Барселона» бозӣ мекунад ва дар он Ҷоми Испанияро ба даст овардааст. Футболбоз дар ҳайати даста 56 бозӣ гузаронида, дар он 4 гол ва 6 партофти головар анҷом додааст. Ҳамзамон, ӯ дар 18 солу 5 моҳа буданаш дар ҳайати дастаи «Барселона» 50 бозӣ гузаронид, ки ин пас аз Боян Кркич дуюмин натиҷа маҳсуб мешавад. Дар ҳайати тими миллии Испания Педри барандаи медали биринҷии чемпионати Аврупо ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Токио шуд. Ӯ ҳамзамон беҳтарин бозигари ҷавон дар Аврупо эътироф гардид. Ҷоиза ба ниммуҳофизатгари испанӣ рӯзи 15 декабр дар Турин супурда мешавад.
Соли гузашта ин ҷоиза насиби форварди «Боруссия» Эрлинг Ҳолландгардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив