LIVE

Роналду барандаи ҷоизаи "Golden Foot" гардид

Форварди 35-солаи тими мунтахаби Португалия ва бошгоҳи "Ювентус"-и шаҳри Турин Криштиану Роналду дар саҳифаи инстаграми худ ғолибияташро дар ҷоизаи "Golden Foot" шарҳ дод: 
«Ман фахр мекунам, ки ҷоизаи "Golden Foot"-ро ба даст овардам ва худро дар ҷадвали чемпионат дар Монако дар қатори бузургтарин ривоятҳои футболи ҳама замонҳо ҷовидонӣ кардам! Ман хеле хушҳол ҳастам ва мехоҳам ба тамоми мухлисон, ки аз ҳар як гӯшаи ҷаҳон ба ман овоз додаанд, изҳори сипос кунам"- навиштааст Роналду. 
Далели ба даст овардани ҷоизаи Криштиану рӯзи 1 -уми декабр эълон шуда буд, аммо ҷоиза ба ӯ танҳо имрӯз тақдим карда шуд. Тибқи гузоришҳо ба таъхир гузоштани ҷоизасупорӣ бо сабаби маҳдудиятҳо бо сабаби пандемияи коронавирус ба амал омадааст. Лауреатҳои " Golden Foot" изҳои пойи худро мегузоранд, ки пас аз он дар гулгашти чемпионҳо дар шаҳри Монте-Карло намоиш дода мешаванд. Ёдовар мешавем, ки ҷоиза ба футболбозоне дода мешавад, ки дар рушди футбол саҳми назаррас гузоштаанд. Ғолибро ба тариқи овоздиҳӣ мухлисон муайян мекунанд. Бо Роналду барои ба даст овардани ҷоизаи "Golden Foot" Лионел Месси (Барселона), Серхио Рамос (Реал Мадрид), Артуро Видал (Интер), Жерар Пике (Барселона), Роберт Левандовски (Бавария), Муҳаммад Салоҳ ( Ливерпул), Серхио Агуэро (Манчестер Сити), Неймар (ПСЖ) ва Ҷорҷо Келлини (Ювентус) низ иштирок доштанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив