LIVE

Роналду як ҷоизаро бори панҷум аст, ки ба даст меорад

Ҳамлагари 35-солаи мунтахаби Португалия  ва бошгоҳи “Ювентус”-и Италия  Криштиану Роналду бори 5-ум дар корномаи худ бо ҷоизаи Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) сарфароз гардонида мешавад. Роналду  қаблан дар солҳои 2013, 2014, 2016, 2017, 2019 низ соҳиби ин ҷоиза гардида буд. 
Футболбози мазкур дар саҳифаи расмии худ навиштааст, ки «Аз он, ки бори дигар соҳиби ҷоизаи IFFHS World’s Best International Top Goal Scorer 2019 шудам хушҳолам» 
Ҷоизаи IFFHS World’s Best International Top Goal Scorer  дар тӯли соли тақвимӣ ба нишонзани беҳтарини мусобиқаҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ пешниҳод карда мешавад. Ҷоиза баъд аз он ба  Роналду тақдим шуд, ки ӯ давоми соли 2019 дар Лигаи Чемпионҳо бо “Ювентус” ва дар ҳайати тими миллии Португалия дар маҷмуъ 21 гол зад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив