LIVE

Педри хастагиро ҳис намекунад

Бозигари 18-солаи дастаи «Барселона» Педри ба мунтахаби Испания барои иштирок дар бозиҳои интихобии ҶҶ-2022, ки моҳи сентябр оғоз мешаванд, даъват гардид. 

Дар мавсими сипаришуда Педрии ҷавон дар 73 вохӯрӣ иштирок намуда, натиҷаи рекордиро ба қайд гирифт. Ӯ баъд аз иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020, аз истироҳат кардан даст кашида, мустақиман ба тамриноти дастааш баргашт. Дастаи каталонӣ мегӯяд, ки ба ҷои ба мунтахаб рафтан ба Педри истироҳат карданро бартар медонад. Аммо дар ин ҷо ақидаи худи Педри аз ҳама муҳим аст, ки мехоҳад ба мунтахабаш дар бозиҳои моҳи сентябр кӯмак кунад. 

Қайд карда бошем, ки  Испания дар моҳи сентябр бо Шветсия (2 сентябр), Гурҷистон (5 сентябр) ва Косова (8 сентябр) вохӯрӣ анҷом медиҳад.

Дар мавсими 2020-2021 Педри 73 бозӣ дар ҳайати «Барселона» ва дар ҳайати мунтахаби Испания гузаронидааст, ки ин рекорди мавсим аст. Баъди ӯ дар ин рӯйхат нимҳимоятгари мунтахаби Португалия ва «Манчестер Юнайтед» Бруну Фернандеш меистад, ки 72 бозӣ гузаронидааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив