LIVE

Дастоварди беназири “Барселона” дар чемпионати Испания

Дар бозии даври 26-уми чемпионати Испания “Барселона” “Осасуна”-ро мағлуб кард. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро дар ҳайати клуби каталонӣ  Жорди Алба ва Илас Мориба ба самар расонданд. “Барселона” аввалин клуб дар таърихи Чемпионати Испания шуд, ки дар як мавсим се футболбози то синни 19 солааш гол задаанд. Ансу Фати дар синни 17-солагӣ, Педри (18) ва Мориба (18) дар мавсими имсола бо пироҳани каталониҳо голзанӣ кардаанд.  “Барселона” дар 26 бозӣ 56 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали чемпионати Испания дуввум аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив