LIVE

“Ливерпул”-ро “Челси” қаҳрамони Англия кард

Дастаҳои “Челси” ва Ман Сити” дар варзишгоҳи Стемфорд Бриҷ  бо ҳам   рақобат намуданд. Голи якуми   бозиро дар дақиқаи 36-ум Кристиан Пулишич ба самар расонид.  Дар дақиқаи 55-ум  Кевин Де Брюйне ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 77-ум футболбози шаҳриҳо  Фернандинйо бинобар   қоидаситезӣ  бо корти сурх муҷозот ва аз  бозӣ ронда шуд. Бозигари хати ҳуҷуми “Челси” Виллиан бошад, зарбаи ҷаримавии 11 метраро бо муваффақият вориди дарвозаи ҳариф гардонда, ғалабаи тимашро бо ҳисоби 2 бар 1 таъмин намуд. Баъди ин шакаст МС аз садрнишини ҷадвали мусобиқот “Ливерпул”  23 имтиёз қафо монд ва дигар бо сурхпушон баробар шуда наметавонад.  То анҷоми  мавсим 7 даври дигар  боқӣ мондааст. Яъне ин маънои онро дорад, ки “Ливерпул” қабл аз муҳлат  қаҳрамони Англия шуда, ҳамзамон аз рӯйи ин нишондод рекорди навро дар таърихи Премйер-лигаи Англия ба номаш муҳр зад. Дар 30 соли охир ин   нахустин ҷоизаи қаҳрамонии  “Ливерпул” дар футболи англисӣ ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив