LIVE

«Ливерпул» нахустин дастае гардид, ки роҳхати Лигаи Чемпионҳоро соҳиб шуд

Тими футболи «Ливерпул» аз миёни клубҳои қораи Аврупо нахустин дастае маҳсуб мешавад, ки новобаста аз натиҷаи даврҳои боқимондаи чемпионати Англия аллакай иштироки хешро дар мусобиқаи Лигаи Чемпионҳои мавсими солҳои 2020/2021 таъмин сохт. Шогирдони Юрген Клопп дар мавсими ҷорӣ ҳадди ақал дар чоргонаи ПЛА мавқеъ мегиранд. Ин натиҷа баъд аз он маълум шуд, ки «Манчестер Юнайтед» бар «Челси» (2:0) дар даври 26-уми Чемпионати Англия ғалаба кард. 
«Челси» 41 ва «Тоттенхэм» 40 хол доранд. Имтиёзҳои имконпазире, ки клубҳои мазкур дар идомаи мавсими ҷорӣ соҳиб шуда метавонанд, ин 74 ва 73 адад мебошанд. Дар ҳисоби «Ливерпул» феълан  76 хол аст, ки «Челси» ва «Тоттенхэм» имкони баробар шудан бо «Ливерпул» - ро аз даст доданд.  «Манчестер Сити», ки дар зинаи дуюм қарор дорад, аз садрнишини мусобиқот 25 имтиёз камтар ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив