LIVE

Кӣ ба финал мебарояд “Ювентус” ё “Милан” ?

Бошоҳи “Ювентус” дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Италия дар майдони худ бо тими “Милан” рақобат мекунад. Вохӯрии аввали дастаҳо дар “Сан-Сиро” қабл аз эълони карантин баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 хотима ёфта буд. Аз миёни дастпарварони Маурисио Сарри Гонсало Игуаин ва  Мерих Демирал дастаро кӯмак карда наметавонанд. Дастаи “Малан” бошад, аз ҳисоби ҳайати худ танқисии ҷиддӣ дорад. Зеро Стефано Пиоли наметавонад Златан Ибрагимович, ҳимоятгарони марказӣ  Симон Кйер ва Лео Дуарте, инчунин ниҳимоятгар Раде Круничро ба майдон барорад. Хотиррасон мекунем, ки дар ин мавсим вақти иловагӣ барои бозӣ дар Ҷоми Италия дода намешавад. Агар дастаҳо дар вақти асосӣ финалистро муайян накунанд, фавран ба задани силсилазарбаҳои ҷаримавӣ мепардозанд. Рақобати дастаҳои “Ювентус” ва “Милан”-ро шоми имрӯз шабкаи телевизионии Футбол мустақиман нишон медиҳад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив