LIVE

«Краснодар» соҳиби сармураббии нав мешавад

«Краснодар» бо сармураббияш Владимир Ивич шартномаро қатъ кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳ хабар дод.
«Бошгоҳ аз барои кораш ба ӯ ташаккур мегӯяд ва дар кору ҳаёти оянда барояш комёбиҳо таманно дорад», — омадааст дар изҳороти бошгоҳи «Краснодар».
Баъди оғоз гардидани даври дуюми мавсими-2023/2024-и  Премер-Лигаи Россия (ПЛР) «Краснодар» дар майдони хеш бо  «Рубин» (1:1) мусовӣ кард ва дар сафар аз «Ростов» (1:2) шикаст хӯрд. Дирӯз, 12-уми март  «барзаговон» баъди бохт аз   «Химки» (0:2) дар бозии марҳилаи якуми  1/4 ниҳоии Роҳи минтақаҳо дар Фонбет Ҷоми Россия ба баромади хеш нуқта гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Ивич сармураббигии «Краснодар»-ро моҳи январи соли  2023 ба гардан гирифта буд.
«Краснодар» айни ҳол дар зинаи дуюми ҷадвали ПЛР буда, даста соҳиби  39 хол аз 20 бозӣ мебошад.  Дар зинаи аввал «Зенит» мебошад. Дастаи  Сергей Семак    40 хол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив