LIVE

Шарҳи Матвеев аз шармандагии “Краснодар” дар Лигаи Аврупо

Сармураббии бошгоҳи футболи “Краснодар” Сергей Матвеев дар мавриди бохти бузурги тимаш дар доираи бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо аз “Базел”-и шветсарӣ (5:0) чунин тавр шарҳ дод. 
 “Оғози бениҳоят бад аст бароямон. Мо хатогиҳои бузургеро анҷом додем,ки албатта моро ҷазо доданд. Гуноҳ сари мо мураббиён аст. Чунин тарзро дар Лигаи Аврупо шуруъ намудан мумкин нест”,-овардааст аз суханони Матвеев ТАСС.
Қобили қайд аст,ки “Краснодар” бо чунин ҳисоб дар ин мусобиқот то ҳол дучори шикаст нашудааст. Дар баробари “Базел” ва “Краснодар” ҳамчунин дар гурӯҳи С тимҳои “Хетафе” ва “Трабзонспор” шомил буда, дар даври навбатӣ “барзаговон” дар варзишгоҳи “Краснодар-Арена бо “Хетафе”” ба майдон хоҳанд баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив