Бошгоҳи фаронсавии «ПСЖ» зидди «Монако» бо ҳисоби (1:0) пирӯз шуда, Суперҷоми Фаронсаро моли худ кард. Ҳамин тариқ, ПСЖ чаҳорумин ҷоми худро таҳти раҳбарии сармураббии испанӣ Луис Энрике ба даст овард.
Суперҷоми Фаронса 2024. Финал
05 январи соли 2025, якшанбе. Соати 21-30 бо вақти Душанбе
“ПСЖ” (Париж) 1:0 “Монако” (Монако)
1:0 Дембеле – 90+2'
Голи ғалабаовари “ПСЖ”-ро дар дақиқаи 90+2-юм ҳамлагар Усмон Дембеле ба самар расонд аз партофти нимҳимоятгар Фабиан Руиз ба самар расонид.
Барандаи қаблии Суперҷоми Фаронса низ “ПСЖ” аст, ки бар “Тулуза” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Он вақт дар ҳайати “парижиҳо” голҳоро нимҳимоятгар Ли Канг-Ин ва ҳамлагар Килиан Мбаппе зада буданд.