Сармураббии ПСЖ Луис Энрике гуфт, ки барои шикасти парижиҳо дар бозии даври 5-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо бо «Бавария» кӣ масъул аст. Вохӯрӣ бо шикасти тими Фаронса бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 5-ум
27 ноябри соли 2024, чоршанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Бавария” (Мюнхен, Олмон) 1:0 “ПСЖ” (Париж, Фаронса)
1:0 Ҷе – 38'
Корти сурх: нест / Дембеле – 57'
«Ҳамеша хоҳиши пайдо кардани нафари гунаҳкор вуҷуд дорад. Агар нафари гунаҳкор ҳам бошад, ин ман ҳастам. Ман масъул ҳастам. Акнун шумо гунаҳкорро ёфтед. Аз ин баъд ман ҳама гуна танқидро қабул мекунам», - гуфта буд Энрике вақти мусоҳиба бо мутахассиси Canal+ RMC Sport.
Пас аз панҷ бозӣ ПСЖ бо 4 имтиёз ба даст оварда, дар мавқеи 26-уми ҷадвали умумии Лигаи Чемпионҳо қарор дорад.