Вохӯрии даври 13-уми Лигаи 1-уми Фаронса миёни «ПСЖ» ва «Монако» анҷом ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» дар шаҳри Париж доир гардида, «ПСЖ» бо ҳисоби 5:2 ба пирӯзӣ даст ёфт.
Дар дақиқаи 18-уми бозӣ ҳамлавари португалии «ПСЖ» Гонсалу Рамуш ҳисобро кушод ва дастаашро ба пеш баровард. Баъди чор дақиқа футболбози ҷопонии «Монако» Такуми Минамино ҳисобро баробар кард. Дар фурсатҳои ахири нимаи аввал ҳамлавари парижиҳо Килиан Мбаппе аз пеналти гол зад.
Дар дақиқаи 71-ум Усмон Дембеле ба шарофати партофти Фабиан Руис бартарии «ПСЖ»-ро бештар намуд. Баъди чанд дақиқа нимҳимоягари португалӣ Витиня аз партофти Мбаппе ҳисобро бузург намуд. «Монако» ҳамоно голи дигари ҷавобӣ зад: ҳамлавари амрикоӣ Фоларин Балогун аз партофти Минамино голзанӣ кард. Дар дақиқаҳои иловашудаи нимаи дуввум ҳамлавари «ПСЖ» Рандал Коло Муани ба ҳисоби ахири бозӣ нуқта гузошт.
«ПСЖ» бо касби 30 хол аз 13 вохӯрии доирнамуда садринишини ҷадвали Лигаи 1-ум буда, «Монако» бо 24 хол дар зинаи дуюм сеюм қарор дорад.
Фаронса - Лигаи 1-ум. Даври 13-ум
25-уми ноябри соли 2023, ҷумъа. 01:00 ДШБ
ПСЖ (Париж) 5 : 2 Монако (Монако)
1:0 Рамуш – 18' 1:1 Минамино – 22' 2:1 Мбаппе – 39' 3:1 Дембеле – 70' 4:1 Витиня – 72' 4:2 Балогун – 75' 5:2 Коло Муани – 90+6'