LIVE

Мбаппе 200-умин голи худро дар тӯли фаъолияташ ба самар расонид

Ҳамлагари «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе 200-умин голи худро дар тӯли фаъолияти касбиаш ба самар расонид. Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Фаронса "ПСЖ" бар "Ванн" бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Дар ин вохӯрӣ Мбаппе хет-трик кард.

Ӯ тавонист голҳои 200-ум ва 201-уми худро ба қайд гирад. Дар ҳайати «ПСЖ»  бошад, голи 150-умашро ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, ки Мбаппе соли 2017 аз дастаи «Монако» ба «ПСЖ» гузашт. Шартномаи феълии ҳамлагар бо парижиҳо то охири мавсими 2021/2022 эътибор дорад.

Дар мавсими ҷорӣ Мбаппе дар Лигаи 1-и Фаронса дар 17 бозӣ ширкат карда, 9 гол ва 8 партофти головар кардааст. Вай инчунин дар шаш бозии Лигаи Чемпионҳои УЕФА 4 гол ва дар ду бозии Ҷоми Фаронса 5 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив