LIVE

Пеле: Мбаппе метавонад вориси ман бошад

Ҳамлагари афсонавии Бразилия Пеле дар бораи бозии ҳамлагари фаронсавии дастаи “Пари Сен-Жермен” - Килиан Мбаппе назарашро чунин баён намуд. “Мбаппе метавонад вориси ман шавад ва ман шӯхӣ намекунам. Ман дар қобилияти бо суръат бозӣ карданаш бисёр чизҳоро мебинам. Ӯ аз зумраи ҳамлагароне маҳсуб мешавад, ки зуд фикр мекунад. Вақте ки тӯб меояд, ӯ аллакай медонад, ки чӣ кор кунад, ба куҷо равад ва чӣ гуна бозӣ кунад, то роҳи ҳалли беҳтаринро ёбад. Инҳо хусусиятҳои муҳими футболи имрӯза мебошанд », гуфтааст Пеле.арка бо истинод ба La Gazzetta dello Sport.
Ёдовар мешавем, ки Мбаппе тобистони соли 2017 аз “Монако” ба “Пари Сен-Жермен” кӯчид. Ин мавсим дар Лигаи 1 форвард дар 23 бозӣ ширкат варзид, ки дар он 18 гол зада, 6 партофти головар анҷом додааст. Вай инчунин дар 6 бозии Лигаи чемпионҳо 5 гол ва 3 партофт кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив