LIVE

Килиан Мбаппе тасмими ниҳоии худро гирифтааст

Бозигари "Пари Сен-Жермен" - Килиан Мбаппе ба хулосе омад, ки дар оянда ба "Реал" мегузарад. 
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, ҳамлагари фаронсавӣ аллакай бо бошгоҳи шаҳри Мадрид шартномаи пешакӣ дорад. Вай метавонад онро на пештар аз моҳи феврал имзо кунад. Гуфта мешавад, ки Килиан аллакай тасмими ниҳоии худро қабул кардааст ва танҳо як сюрпризи хеле бузург метавонад ӯро аз ақидааш дигар кунад. Шартномаи Мбаппе бо ПСЖ то охири мавсим амал мекунад. Ҳамин тариқ, ӯ ҳамчун агенти озод ба “Реал Мадрид” меравад.
Ёдовар мешавем, ки Килиан аз соли 2017 дар тими ПСЖ бозӣ мекунад.  Шартномаи кунунии Мбаппе бо ПСЖ то 30 июни соли 2022 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив