Ҳуҷумкунандаи бошгоҳи "Ливерпул" Муҳаммад Салоҳ баъди пирӯзии дастааш зидди "Манчестер Сити" (2:0) нисбати имзокунии шартномаи нав сухан кард.
Англия - Премер-лига. Даври 13-ум
01 декабри соли 2024, якшанбе. Соати 21-00 бо вақти Душанбе
“Ливерпул” (Ливерпул) 2:0 “Манчестер Сити” (Манчестер)
1:0 Гакпо – 12' 2:0 Салоҳ – 78'
“Рости гап, ин дар андешаам вуҷуд дорад. Айни ҳол чун бозигари “Ливерпул” ин охирин бозиям зидди “Манчестер Сити” аст. Аз ин рӯ ман танҳо мехостам, ки аз ин пирӯзӣ лаззат барам. Аз ҳар лаҳзаи фазои аҷиби ин пирӯзӣ лаззат мебарам. Умедворам, ки мо дар Премер-лига ғолиб мешавем ва баъд мебинем, ки чӣ мешавад", - иқтибос овардааст Sky Sports аз суханони Салоҳ.
Мӯҳлати шартномаи Салоҳ бо «Ливерпул» то соли 2025 амал мекунад. Бозигари мисрӣ аз соли 2017 инҷониб дар ин бошгоҳ бозӣ мекунад.