Бозии даври 13-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои «Ливерпул» ва «Манчестер Сити» вохӯрданд, дар варзишгоҳи “Энфилд”-и шаҳри Ливерпул (Англия) бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 13-ум
01 декабри соли 2024, якшанбе. Соати 21-00 бо вақти Душанбе
“Ливерпул” (Ливерпул) 2:0 “Манчестер Сити” (Манчестер)
1:0 Гакпо – 12' 2:0 Салоҳ – 78'
Ҳамин тариқ, «Ливерпул» бори аввал аз моҳи октябри соли 2022 дар АПЛ бар «Манчестер Сити» ғалаба кард. Он вақт “мерсисайдиҳо” ҳарифони худро бо ҳисоби 1:0 маглуб карда буданд.
Дастаи Арне Слот бо касби 34 хол аз 13 рақобат дар мақоми аввали ҷадвали Премер- Лигаи Англия қарор дорад. Шогирдони Гвардиола бошанд баъди панҷ бохти паиҳам 23 имтиёз дошта, дар зинаи панҷум мебошанд.