LIVE

Мусовии «Арсенал» ва «Ливерпул» дар бозии марказии даври 9-уми ПЛА

Бозии даври 9-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои “Арсенал” ва “Ливерпул”-и Лондон вохӯрданд, дар варзишгоҳи Эмирейтси шаҳри Лондон  бо ҳисоби ниҳоии 2:2 ба анҷом расид.
Англия - Премйер-лига. Даври 9-ум
27-уми октябри соли 2024, якшанбе. Соати 21-30 бо вақти Душанбе
“Арсенал” 2:2 “Ливерпул”
1:0 Сака – 9'     1:1 ван Дейк – 18'     2:1 Мерино – 43’     2:2 Салоҳ – 81'
Муаллифи голҳои соҳибони майдон Букайо Сака ва Микел Мерино шуданд. Меҳмонон бошанд бо зарбаҳои дақиқи Вирҷил ван Дейк ва Муҳаммад Салоҳ ҷавоб доданд.
Айни замон «Ливерпул» дар мақоми дуюми ҷадвали чемпионати Англия қарор дорад. Дастаи Арне Слот баъди 9 вохурй 22 хол ба даст овард. «Арсенал» бошад бо 18 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад. Пешсафи ҷадвали Премйер-Лигаи Англия «Манчестер Сити» бо 23 имтиёз мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив