LIVE

Ҳафтумин пирӯзии паиҳами «Ливерпул» дар тамоми мусобиқаҳо

«Ливерпул» дар бозии даври 8-уми ПЛА бар «Челси» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Хамин тавр, “сурхҳо” дар ҳамаи мусобиқахо ғалабаи ҳафтумин паиҳам ба даст оварданд.
Англия - Премер-лига. Даври 8-ум
20-уми октябри соли 2024, якшанбе. Соати 20-30 бо вақти Душанбе
“Ливерпул” 2:1 “Челси”
1:0 Салоҳ – 29'     1:1 Ҷексон – 48'     2:1 Ҷонс – 51'
Ҳамлагари дастаи «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ дар дақиқаи 29-ум аз пеналтӣ гол зад. Дар дақиқаи 48-ум ҳамлагари «Челси» Николас Ҷексон бо истифода аз партофти нимҳимоятгар Мойзес Кайседо ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 51-ум бошад нимҳимоятгари дастаи «Ливерпул» Кертис Ҷонс бо як паси Салоҳ дастаашро пеш баровард.
Бори охир ин дастаҳо моҳи феврали соли ҷорӣ дар бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия бо ҳам вохӯрда буданд. Он вақт «Ливерпул» бо ҳисоби минималӣ пирӯз шуда буд.
Пас аз ин пирӯзӣ «Ливерпул» 21 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали Премер-Лига дар ҷойи аввал аст. «Челси»  бошад 14 хол дошта, дар зинаи шашум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив