LIVE

Сабаби пешниҳод нашудани шартномаи нав ба Салоҳ маълум шуд

Ҳамлагари бошгоҳи «Ливерпул» ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ гуфт, ки то ҳол аз роҳбарияти бошгоҳи мерсисайдӣ ягон пешниҳод оид ба тамдиди шартнома нагирифтааст.
Тибқи иттилои TBR Football «Ливерпул» то ҳол ба Салоҳ пешниҳод накардааст, зеро мавқеъи тарафҳо оид ба шартҳо ба ҳам мувофиқ нест. Мӯҳлати шартномаи феълии бозигари то анҷоми мавсим аст.  Роҳбарони "сурхҳо" аз замони бастани шартномаи эҳтимолӣ бо назардошти синну соли Салоҳ нигаронанд - футболбоз дар тобистон 33-сола мешавад. Агар илоҷе пайдо нашавад, Салоҳ дар охири мавсим ҳамчун агенти озод “Ливерпул”-ро тарк мекунад.
Муҳаммад Салоҳи 32-сола аз тобистони соли 2017 дар тими “Ливерпул” бозӣ мекунад. Дар ҳайати бошгоҳи мерсисайдӣ ҳамлагари мисрӣ ғолиби Премер-лигаи Англия, Лигаи Чемпионҳо, Ҷоми Англия ва Ҷоми ҷаҳонии футболи ФИФА гардидааст.
Мавсими ҷорӣ Муҳаммад Салоҳ дар ҳайати “Ливерпул” дар тамоми мусобиқаҳо 18 бозӣ анҷом дода, дар онҳо муаллифи 12 гол ва 10 партофти головар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив